Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари барномаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ Степан Титов мулоқот орост.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили амалисозии лоиҳаҳои марбут ба танзими раванди муҳоҷирати корӣ, таъсиси марказҳои заминавии омодагии томуҳоҷират ва самтҳои афзалиятноки омӯзиши муҳоҷирони имконпазир ба забонҳои хориҷӣ ва касбҳои бозоргиру зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Степан Титов ба ҳамсуҳбати худ перомуни бо кадом мақсадҳо ҷудо гардидани маблағҳои БҶ ба бахши муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, ба дастгирии баргузор намудани тренингу семинарҳо барои кормандони Хадамот бо ҷалби мушовирони байнулмилалӣ, сафарбар кардани онҳо ба Русия ва дигар кишварҳои пешрафта ҷиҳати боло бурдани сатҳи касбиашон изҳори омодагӣ намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бобати таҳкими самтҳои ниҳодии ҳамкорӣ барои рушди фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории Тоҷикистон тасмим гирифта шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста