Дар вохӯрии кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Сочи Э.Биҷаков зикр гардид, ки дар робита ба баргузории Бозиҳои олимпии зимистона, аз 1-уми январи соли 2014 фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Сочи манъ гардида, иҷозатномаи кор танҳо то ахири соли 2013 дода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, дар мавриди шарҳи навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Русия Биҷаков изҳор намудааст, ки аз 1-уми январи соли 2013 дар қонунгузорӣ гирифтани нақши кафи даст ва ангуштони шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба Русия меоянду иҷозатномаи кор дастрас мекунанд, ҷорӣ шудааст.
Ӯ ҳамчунин иброз доштааст, ки аз 30 декабри соли 2012 ба шаҳрвандони хориҷии бидуни қайд муддати 30 рӯз дар Русия қарордошта вуруд ба Русия манъ гардида, ҷиҳати номатлуб будани убури марзи Русияву Абхозистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози назар шудааст.
Дар навбати худ, корманди намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Нусратулло Исматов зикр намудааст, ки намояндагӣ баҳри риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории ҳузур ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик тамоми чораҳоро меандешад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баҳри таъмини шароитҳои мусоид барои фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста