Шаби гузашта бар асари сактаи қалб журналисти тоҷик, муҳаққиқ ва муаллифи чандин китобҳо Пайванди Гулмуродзода дар сини 56-солагӣ аз олам даргузашт.
Пайванд Гулмуродзода соли 1956 дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1978 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм намуд. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ дар Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон, соли 1980 ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикиситон ба фаъолият пардохт.
Соли 1989 дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар мавзӯи ««Ташаккули публисистикаи шӯравии тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Аз соли 1992 то соли 1996 ба сифати муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2005 декани ҳамин факулта шуд. Муаллифи асарҳои таҳқиқотии зиёде оид ба журналистика ва таърихи публисистикаи тоҷик аст.
Пайванди Гулмуродзода имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
донишчу8 апрел, 2013 13:36
Боз як марди начиб, устоди сахтгир ва дилсуз ин чахони бевафои моро падруд гуфт... Хеле афсус, ки чунин нафари донишманду заковатманд, боистеъдоду хушгуфтор дар ин синни хеле кам аз байни мо рафт. Мегуянд, ки дар он дуньё ба ин гуна нафарони хуб бештар ниёз хаст...