Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи худкушӣ дар ҷомеа зикр гардид, ки соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб 13 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, соли 2011 низ нишондиҳанда чунин буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иштирокчии ҷаласаи мазкур, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрдории Кӯлоб Саида Нураминова хабар дод, бар асари ин ҳодисаҳо 4 нафар ҳалок шуда, ба табибон наҷоти нафарони боқимонда муяссар шудааст.
Ба гуфтаи вай, аз 13 нафаре, ки қасди худкушӣ кардаанд, 7 нафарашон занон мебошанд. «Тӯли се моҳи соли равон дар шаҳр ду ҳодисаи даст ба худкушӣ задан сабт гардид, ки яке зани 29-сола ва дигарӣ марди 57-сола мебошад», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, пас аз ҷаласаи ҳайати мушовара барномаи комплексии кор бо аҳолӣ дар маҳалҳо бо истифода аз наворҳои видеоии прокуратура таҳия ва ба роҳ монда хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста