Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Точикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2013 Ярмаркаи солонаи таҳсилотиро баргузор мекунанд.
Тавре дар иттилоияи интишоршудаи шуъбаи ташкилот зикр мегардад, гузаронидани ин чорабинӣ аз соли 2001 оғоз мегирад ва имсол дувозаҳумин бор ярмарка барпо мегардад. Соли 2012 беш аз 4500 нафар ба ин чорабинӣ ташриф оварданд. Дар ярмарка ба ҳамаи хоҳишмандон, ки аксарияташонро донишҷўён, мактаббачагон ва мутахассисони ҷавон ташкил мекунанд, имконият дода мешавад дар бораи барномаҳои таълимие, ки дар мамлакатҳои ИДМ ва чӣ берун аз он мавҷуданд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд.
Дар ярмарка намояндагони Вазорати маориф, Сафорати ИМА дар ҶТ, Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ACCELS (Шӯрои Америкоӣ оид ба Таҳсилоти байналмилалӣ), DAAD (Хадамоти Олмонии Мубодилаҳои Академиявӣ), TEMPUS (The trans-European mobility scheme for university studies), Шӯрои Байналмилалӣ оид ба Тадқиқотҳо ва Мубодилаҳои илмӣ (IREX), Маркази фарҳангии «Бактрия», Маркази омӯзиши забони немисӣ, Ширкати «Имкон-консалтинг», Омӯзиш бидуни марз (Knowledge across borders) ва Ассосиатсияи байналмилалии мубодилаи донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ (IAESTE) ширкат меварзанд.
Дар чаҳорчўбаи Ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмўи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кўмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ гузаронда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд.
Чунин чорабиниҳо вақтҳои наздик дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла: 22 апрел дар ш. Хуҷанд, 3 май дар ш. Кӯлоб, 4 май дар ш. Қӯрғонтеппа ва 15 май дар ш. Хоруғ баргузор хоҳанд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста