Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 30 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 ҳазор тонна орд, 293,6 тонна равғани рустанӣ, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 16,1 млн. $, сарулибос ва пойафзол ба маблағи 366,8 ҳазор. $, дигар маҳсулоти ғизойӣ, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣ ва ғайра ворид гардиданд.
Дар ин давра ба Тоҷикистон 37 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-мададрасонон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 74,6%, Русия – 7,6%, Чин – 3%, Австрия – 2,5%, Нидерланд – 2,1%, Эрон – 1,5%, Дания – 1,4%, Латвия – 1,3%, Қазоқистон – 0,9%, Туркия – 0,6%, Британияи Кабир – 0,6% ва Олмон – 0,6% рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста