Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба хотири ёдбуди муассиси маҳфил, доктори улуми таърих Мансур Бобохонов конфронси маҳфили «Донишварони диаспораҳои тоҷикон» баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, саҳми олим дар рушди илми таърихи тоҷик, таҳия ва ба барномаи таълимии макотиби олӣ ворид кардани курси махсуси «Таърихи тоҷикони ҷаҳон», омӯзиш ва писанди донишҷӯёну олимони ҷавон гардонидан ин фанро таъкид дошт.
Дар мавзӯи «Диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Русия: мушкилоти муҳоҷирати ҷавонони ҶТ» фаъолдухтари маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши «Таърихи муносибатҳои байнулмилалӣ» Рухшонаи Наҷмиддин гузориш дод. Президенти маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши зикршуда Сарвар Абдуллоев ба ҳозирин перомуни таърихи таъсиси маҳфил, сохтори он ва чорабиниҳои доиргардида маълумот пешниҳод намуд.
Мудири кафедраи таърихи ватании донишгоҳ профессор С.Муҳиддинов зимни суханронӣ аз машғулиятҳои шавқовар ва пурмӯҳтавои Мансур Бобохонов, муомилаи бомаърифтаонаи ӯ бо донишҷӯёну олимони ҷавон, ки барои ҳамкорон намунаи ибрат гардида буд, ёдовар шуд.
Профессори кафедраи таърихи ватании донишгоҳ Ҳайдаршо Пирумшоев зикр кард, ки маҳз таҷрибаи ҳирфаии М.Бобохонов имкон дод, ки ӯ дар муддати 20 сол ба яке аз факултаҳои пешрафтаи мактаби олии асосии ҷумҳурӣ сарварӣ кунад ва дар ин муддат ҳазорон шоирдони болаёқатро тарбия ва даҳҳо асарҳои илмӣ таълиф намояд. «Барои насли ҷавон зиндагиномаи М.Бобохонов намунаи шоистаи хизмати фидокорона ба илм ва кишвар аст», - гуфт профессор.
Дар конфронс ҳамчунин шогирдони Мансур Бобохонов – номзади илми таърих ва яке аз созмондиҳандагони конфронс Мунира Ҷамолова, унвонҷӯи кафедраи таърихи ватанӣ Амир Шодиев ва дигарон низ суханронӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста