Ҷомеаи журналистӣ ба хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» то замони тариқи суд ҳаллу фасл шудани масъалаи дар ҷойи кори пештарааш барқарор кардани хабарнигори ин радио Абдуқаюми Қаюмзод таҳрим эълон кард.
Зери изҳороти эълони таҳрим ба радиои «Озодӣ» Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил Нуриддин Қаршибоев аз рӯзноманигорон ва коршиносон даъват ба амал овард, ки аз ҳамкорӣ бо хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» худдорӣ варзанд.
«Санаи 22-юми апрели соли равон радиои «Озодӣ» якҷониба шартномаи меҳнатӣ бо журналистро бекор намуд, ки хилофи қонунгузорӣ аст ва мо хоҳони онем, ки ҳуқуқҳои журналистони дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи радиои «Озодӣ» риоя шаванд. Ман ба журналистону коршиносон муроҷиат карда, дастгирии журналистро дархост дорам. Дар лаҳзаи душвор радио ӯро дастгирӣ накард ва бо шумо ҳам бо ҳамин шева рафтор хоҳанд кард», - иброз доштааст ӯ.
Худи журналист дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки корфармо қаблан шарте пеш гузоштааст, ки ба муддати 6 моҳ (то моҳи июн) музди меҳнаташро пардохт намуда, дар ин ҳолат шартнома аз ҷониби ҳарду тараф бекор карда мешавад, вагарна дар сурати розӣ нашуданаш, шартнома якҷониба ва бидуни пардохти музди меҳнат бекор карда мешавад.
Ба қавли журналист, дар суд аз ҳуқуқҳои ӯ адвокат Файзинисо Воҳидова ва адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарифов ҳимоя хоҳанд кард.
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ адвокат Файзинисо Воҳидова изҳор кард, ки нисбат ба радиои «Озодӣ» дар мавриди ба ҷойи кори пештара барқарор намудани А.Қаюмзод ва рӯёнидани маблағи музди меҳнаташ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста