Имрӯз дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби Шӯро оид ба ВАО бо дастгирии дигар созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ ва Дафтари САҲА дар ҶТ созмон дода мешавад, вазъи кунунӣ ва дурнамои озодии васоити ахбори умум баррасӣ мешавад.
Тавре аз Шӯро оид ба ВАО хабар доданд, конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот баргузор мешавад.
Дар конфронс баррасии масоили марбут ба ахлоқи журналистӣ, мушкилоти қонунгузорӣ дар ин самт, мурофиаҳои судӣ нисбати ВАО ва мушкилоти гузариш ба пахши рақамӣ дар назар аст. Дар фарҷоми конфронс маросими тақдими ҷоизаҳои аз ҷониби созмонҳои журналистӣ таъсисёфта доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҳамасола санаи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Соли равон таҷлили ҷашн таҳти шиори «Сухан гуфтан бидуни ҳарос: таъмини озодии баён дар тамоми васоити ахбори умум» сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House гузориши солонаи «Озодии матбуот дар соли 2013-ум»-ро интишор намуд . Дар рейтинг ба озодии ВАО дар 197 кишвари дунё баҳогузорӣ шудааст. Онҳо ба кишварҳои озод (аз 0 то 30 балл), қисман озод (аз 31 то 60 балл) ва ноозод (аз 61 то 100 балл) тасниф мешаванд. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дорои 79 балл, як балл камтар аз Русия аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста