Чанде қабл маҷаллаи маъруфи сиёсатшиносии амрикоии Foreign Policy рейтинги 500 нафар афроди бештар бонуфузи дунё дар замони муосирро интишор намуд.
Ин рӯйхат бори нахуст таҳия гардида, тибқи арзёбии маҷалла онҳо 0,000007%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд ва дар маҷмӯъ ба равандҳои ҷаҳонӣ бештар таъсиргузор будаанд.
Маҷалла ин рейтинги худро «рӯйхати рӯйхатҳо» меномад, зеро он аз 15 номгӯи ба ин монанди «бештар бонуфуз»-и рейтингҳои дигар, аз ҷумла Forbes, Wall Street Journal, Vanity Fair, Fortune, Thomson Reuters ва чандеи дигар тартиб дода шудааст.
Таҳиягарони рейтинг панҷ аломати асосии таъсиргузории ин ё он шахси маъруфи саросари ҷаҳонро ҷудо кардаанд, ки аз нуфузи сиёсӣ, мансаби баландпояи давлатӣ, нерӯ, зиракӣ ва маблағи пулӣ иборатанд. Ғайр аз ин, ба чанде аз ин афроди мӯътабар журналистон ҳамчун ба шахси «некӯкор» ва «бадкор» баҳогузорӣ кардаанд.
Дар рӯйхат аз ҳама бештар амрикоиҳо – 141 нафар бо роҳбарии президенти ИМА Барак Обама мақом касб карда, сипас сокинони Чин – 30 нафар, Британияи Кабир – 29 нафар ва Фаронса – 25 нафар ҷой доранд.
Ба рӯйхат ҳамчунин 13 нафар намояндаи Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, нахуствазир Дмитрий Медвелев, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва дигарон низ шомиланд. Тоҷир Ринат Ахмедов ягона намояндаи Украина дар рейтин аст.
Дигар намояндагони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар рӯйхат ҳузур надоранд.
Дар рейтинги Foreign Policy пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғо Хони IV, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ зиндагӣ доранд, дар мақоми шашум қарор дорад.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста