Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи пасти маълумотнокии ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.
Бино ба маълумоти Хадамот, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги корӣ буда, сатҳи афзоишии аҳолии коршоям хеле зиёд, вале имконоти дарёфти ҷойи кор хеле ночиз аст. «Ҳамасола садҳо ҳазор аҳолии кишвар баҳри дарёфти кор ба хориҷи кишвар мераванд, вале беш аз 50%-и онҳо маълумоти олӣ ё касбӣ-техникӣ надоранд», - иброз медоранд дар хадамот.
Дар Хадамот таъкид мекунанд, ки имрӯз Тоҷикистон намунаи як кишвари камёфтест, ки дар он сатҳи маълумотнокии насли калонсол нисбат ба ҷавонон беҳтар аст. «Сатҳи тайёрии коргарон ба талаботи бозори меҳнат ва сифати он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест», - зикр мегардад дар маълумот.
Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бар ин назаранд, ки сатҳи нокофии фарогирии аҳолӣ бо маълуоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба маҳдудияти заминаи моддиву техникӣ ва огоҳи нокофии ҷавонон дар бораи имконоти зудтар ба касб соҳиб шудан вобаста аст.
«Хатмкардагони макотиб ба таври пурра дарк намекунанд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоӣ саивақт соҳиб шудан ба касб кафолати фаъолияти муваффақонаи минбаъдаи меҳнатии онҳо аст», - гуфта мешавад дар маълумоти ХМ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста