Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёну собиқдорон кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад.
Дар ин робита бо қарори раиси пойтахт Маҳмасдсаид Убайдуллоев, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 570 ҳазору 800 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ба ҳар кадоме ба андозаи 700 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 500 сомонӣ ҷудо мекунад.
Кӯмаки мазкур аз 5 то 7-уми май аз ҷониби муовинони раиси шаҳр ба шахсони зикршуда расонида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста