Дар зарфи 4 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 26%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 42,4 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 24,2 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, каме бештар аз 17 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», - мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон ҳудуди 2 ҳазор нафар ба маблағи умумии ҳудуди наздики 774 ҳазор сомонӣ (163 ҳазор $) барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми майи соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 79 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 56,4 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ҳудуди 6,7 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва зиёда аз 1,4 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 705 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 68,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 48,8% зиёдтар аст.