Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXIII Шӯро оид ба маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) баргузор мегардад, ки дар кори он аъзои Шӯро, коршиносони тарафҳо дар соҳаи маориф, намояндагони котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, масъулони вазоратҳои маориф (ва илми) давлатҳои аъзои Иттиҳод, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Тавре аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, тибқи рӯзномаи ҷаласа дар рафти кори Шӯро 7 масъала, аз қабили ташкил намудани Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод; дар бораи таҳлили қиёсии низоми миллии омода намудан, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ; дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда ҷиҳати амалисозии Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи маориф; дар бораи рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 22-и Шӯро; дар бораи рафти иҷрои қарорҳои 58, 59 ва 60 ҷаласаҳои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар рафти кори ҷаласа Котиби масъули Шӯро аз сари нав таъин карда мешавад ва ҳамзамон роҳҳои ташкил намудани Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод муҳокима хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки лоиҳаи Консепсияи Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё такмил дода мешавад ва ҳамзамон ҷиҳати дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор намудани Семинари байналмилалӣ оид ба мушкилоти такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ ва ғайра қарор қабул карда мешавад.
Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро дар нимсолаи дуюми соли 2013 дар Ҷумҳурии Белорус дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста