Ҷаноби Таакаки Коматсу, котиби сеюми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 24-уми майи соли 2013 ба ноҳияи Ваҳдат ташриф оварда, раиси Федерацияи занони “Қарасу” хонума Зебо Ойматоваро барои бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмин намудаи мактабҳои миёнаи нохияи Вахдат бо таҷҳизоти омӯзишӣ», ки аз тарафи ҳукумати Чопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 104 844 доллари ИМА дастгирӣ ёфта буд, табрику таҳният намуд.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, набудани таҷҳизоти зарурии омӯзишӣ дар макотиб умуман яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар ағлаби макотиби нохияи Ваҳдат, ки солҳои 1970-ум сохта шудаанд, таҷҳизоти омӯзишӣ фарсуда гашта, маъмурияти макотиб имкони ивази онҳоро надоштанд. Аз нисф зиёди макотиб бино бар сабаби норасоии мизу курсии нишаст ва ашғоли ғайра танқисӣ мекашиданд. Набудани чунин таҷҳизот боиси паст гардидани сатҳи дониши талабагон мегардид.
Ба иттилои манбаъ, тавассути лоиҳаи мазкур панҷ мактаби миёнаи нохияи Ваҳдат, аз ҷумла мактаби миёнаи №3-и шаҳри Ваҳдат, мактаби миёнаи №9-и қишлоқи «Дӯстӣ»-и ҷамоати Ваҳдатобод, мактаби миёнаи №15-и ҷамоати Ромит, мактаби миёнаи №22-и қишлоқи “Гулистон”-и ҷамоати Тиллои Сафед ва мактаби миёнаи № 131-и қишлоқи “Баҳор”-и ҷамоати Ҳоҷӣ Катаған бо таҷҳизоти мактабӣ, аз қабили 963 баста мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, курсӣ барои омӯзгорон ва лавҳаҳои синфӣ таъмин гаштанд. Мақсади лоиҳа ташкил намудани шароити хуби хониш дар ин макотиб ва таъмин намудани имконият барои хонандагон баҳри гирифтани малакаю дониши босифат ба шумор меравад.
Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаро ба маблағи умумии $23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста