Ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо шаҳрвандони ин кишвар ва табааи кишварҳои узви ИДМ аз Сурия ба майдони ҳавоии Домодедовои шаҳри Маскав фуруд омад.
Аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ додаанд, ки аз пойтахти Сурия 128 нафар шаҳрвандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ ба Маскав интиқол дода шудаанд, ки ин минтақаи хатарнокро тарк карданӣ будаанд.
Гуфта мешавад, миёни шаҳрвандони интиқолшуда 83 нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Украина, Молдова, Белорус, Озарбойҷон ва Тоҷикистон будаанд, ки 70 нафарашонро кӯдакон ташкил додаанд. Бидуни назардошти ҳавопаймои имрӯза, аз оғози сол тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия 383 нафар қаламрави Сурияро тарк намудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аввали соли равон зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷики муқими Сурия ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар ин кишвар, ба онҳо кӯмак расонида шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста