Дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр, мутобиқати нӯшокиҳои ташнашикани дар фасли гармо мавриди фурӯш қарордошта ба меъёрҳои эътирофшуда, таъмини ғановати бозорҳо бо сабзавоту меваи тару тоза, ҷараёни таъмиру азнавсозии кӯчаву роҳҳо, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ дар боғҳои фарҳангу истироҳат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими расму оин ва дигар масоили рӯзмарраи хоҷагидории пойтахт баррасӣ шуданд.
Бо дарназардошти маълумотҳои дақиқ ва таҳлили фазои фарҳангию ахлоқии шаҳр дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолатҳои алоҳидаву ба мушоҳидарасидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, нисбати ноболиғон ва ҷавонони шабонгоҳон халалдоркунандаи оромии сокинон чораҳои профилактикӣ биандешанд ва оид ба рафторҳои номатлуби онҳо ҷиҳати пешгирии минбаъда падару модаронашон ҷалб карда шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста