Зимни маросими муаррифиномаи гузориши «Вазъияти кӯдакон дар ҷаҳон - 2013» роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лайлӣ Моширӣ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон беш аз 26 ҳазору 300 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд (то синни 18 сола) ба кӯмаки иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумат дастрасӣ дошта, тахминан 2 ҳазор аз байни онҳо дар муассисаҳои статсионарӣ ҷой дошта шудаанд, вале ин нишондиҳандаҳо шумори воқеии кӯдакони дорои имконияти маҳдудро бозгӯ нест ва аксаран ҳуқуқҳои онҳо риоя намешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи чунин кӯдакон ва оилаҳои онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки уҳдадориҳои худро дар ин самт ба субут расонад, вале бо ин ҳама, то ҳанӯз аксари ин афрод дар масоили иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ба мушкилот мувоҷеҳанд.
«Барои ноил гардидан ба тағийроти ҷиддӣ дар ин самт, аз ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал меоварам, ки Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони дорои имконияти маҳдудро тасвиб ва Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба пуррагӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳим амалӣ намояд», - иброз дошт Л.Моширӣ.
Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнати ҶТ Қудратулло Ҳакимов дар ин робита изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур як Шӯрои ҳамоҳангсози иборат аз коршиносони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, ахири сол натоиҷи таҳқиқоти ин Шӯро баррасӣ хоҳад шуд.
Номбурда итминон дод, ки дар ҳама гуна ҳолат тасдиқи санади байнулмилалии мазкур аз ҷониби ҳукумат ногузир аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста