Чанде қабл дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск маросими ба имзо расонидани Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросим сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва аъзои ҳайати ҳукуматӣ, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуда буд, ҳузур доштанд.
Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон – вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва аз ҷониби Беларус – вазири маорифи Беларус Сергей Маскевич имзо карданд.
Бояд зикр намуд, ки Созишнома барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тариқи гирифтани таълимоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Беларус дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, академияҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, донишкадаҳои рушди таҳсилот ва дигар муассисаҳои низоми маориф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Санад, аз ҷумла, табодули донишҷӯён, кормандони омӯзгорӣ, иштирок дар олимпиадаҳо, озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, дар чорабиниҳои байналмилалии таълимӣ, рушди ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таълимиро пешбинӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста