Сарфи назар аз даъватҳо ва роҳандозии маъракаи итттилоотӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия оид ба зарурати таҳияи шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии хадамот дар ин кишвар, масъалаи аз ҷониби чанде аз корфармоёни беинсоф пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 67 нафар муҳоҷирон оид ба пардохт нашудани музди меҳнаташон ба намояндагӣ муроҷиат кардаанд. «Бо мусоидати бевоситаи намояндагӣ дар зарфи се моҳ ба маблағи умумии беш аз 2 млн. рубл қарзи муҳоҷирон пардохт карда шуд», - иброз дошт ӯ.
Аҳмадов мегӯяд, ба андешаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев, дар анҷоми мавсими корӣ, яъне ахири сол ба ин монанд муроҷиатҳо бамаротиб зиёд мешаванд.
«Соли гузашта бо мусоидати намояндагӣ зиёда аз 15 млн. рубл қарзи муҳоҷирони кории тоҷик аз музди меҳнат пардохт гардид», - зикр кард сухангӯи намояндагӣ ва таъкид дошт, ки сабаби асосии пайдо шудани чунин мушкилот миёни коргару корфармо, даст кашидан аз имзои шартномаи меҳнатӣ мебошад.
Ба қавли Аҳмадов, таҷриба гувоҳи он аст, ки чанде аз корфармоёни беинсоф бо сабабҳои гуногун, баъзан дидаву дониста имзои шартномаи меҳнатии расмиро инкор мекунанд ва ин ҳалли мушкилотро душвор мекунад.
Номбурда ҳамчунин изҳори таассуф кард, ки баъзан ҳамватанони мо на танҳо ба кор кардан бидуни шартномаи расмии меҳнатӣ розӣ мешаванд, балки на ҳамеша ҳатто мушаххасан аз суроғаҳои ҳуқуқӣ ва чӣ гуна тамос гирифтан бо корфармо ҳам огаҳӣ надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста