Бори аввал дар Душанбе 21-уми июн зери осмони кушод филми ҳунарии итолиёвии «Ҳаёт зебост» (La vita è bella) ба намоиш гузошта шуд.
Барои тамошои ин филм, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияитии «Пешрафт» дар саҳни варзишгоҳи «Спитамен», собиқ «Спартак» манзури дӯустдорони синамо гардид, зиёда аз 100 нафар ҷамъ омаданд.
Чӣ тавре ки сарвари иҷроияи ин ташкилот Ситора Турсунова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт: «Маблағҳое, ки аз намоиши филм ва фурӯши нӯшокиву шириниҳо ба даст омадаанд, ба корҳои хайр, яъне барои мадад ба муҳассилини мактаб-интернатҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои махсуси кишвар сарф мегарданд».
Мӯътабар Раҳимова, ки ба майдони «Спитамен» бо аҳли оилааш омада буд, гуфт, ки аз тамошои филм зери осмони кушод хеле ҳаловат бурд. Ӯ қайд кард: «Фарзандонам ин шом ба ташкилоти «Пешрафт» довталабона мадади худро расонида истодаанд. Ва ман аз ин хеле хурсандам. Ба назарам, ин гуна ҳамоишҳои хайриявӣ бояд бештар созмон дода шаванд. Мо дар баробари вақти хешро бо аҳли оила хуш гузаронидан, боз кори нек ҳам мекунем. Хурсанд аз онем, ки саҳми худро дар ин кори хайр мегузорем».
Sohibnazar''s Slidely by Slidely - Slideshow videos
Фарҳод Назаров, сокини пойтахт дар бораи таассуроташ баъд аз тамошои филми мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» чунин нақл кард: «Филми воқеан ҳам таъсирбахш буд. Дар он аз зиндагии халқи яҳуд, ки бисёр таҳқир мешуданд, нақл мерафт. Хеле саргузашти вазнин, вале аз як тараф филми мазҳакавӣ буд. Таассуротам аз тамошои он мусбат аст. Ин ҷо ҳама бо оилаҳои худ омадаанд, ки дар шаҳр чунин ҳамоиш кам ба назар мерасад. Агар боз чунин ҷамъомадро ташкил кунанд, меоем. Ба дигарон ҳам гуфтаниям, ки ҳатман ба чунин нишастҳо оянд».
Сарпарасти лоиҳа ҶДММ «Газпромнафт-Тоҷикистон» буда, п ӯшиши техникӣ бар ӯҳдаи кинотеатри «Ҷавонон» ва маркази фарҳангии Bactria вогузор шудааст ва астгирии иттилоотиро радиои «Ватан» таъмин кардааст.
Филми «Ҳаёт зебост» асари итолиёвист, ки дар жанри трагикомедия соли 1997 ба навор гирифта шудааст. Роберто Бенини ва Николетта Браски дар он нақшҳои асосиро офаридаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ филми мазкур дар арсаи байнулмилалӣ шинохта шуда, дорои шоҳҷоизаҳои ҷашнвораҳои Канн ва Оскар гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста