Як гурӯҳи мутахассисони ширкати австриягии ALLplan аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Суҳробшо Фаррухшоев хабар дод, бо ширкати австриягӣ дар бораи барқарор намудани низоми гармидиҳӣ дар ду микрорайони бузурги шаҳри Кӯлоб – ба номи Шоҳин ва Борбад мувофиқаи усулӣ ҳосил шудааст.
Ба қавли ӯ, мушкилот дар он аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта низоми гармидиҳии шаҳри Кӯлоб комилан хароб гардида, минбаъд зерсохтори мутааллиқи он хусусӣ гардонида шуданд.
«Зимни мулоқот бо намояндагони ширкати австриягӣ маълум шуд, ки онҳо аз чунин душвориҳо ҳарос надоранд», - иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки дегхонаҳо бо назардошти маҳдудияти интиқоли барқ, яъне бо истифода аз сӯзшвории алтернативӣ сохта мешаванд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки маблағгузории ин корҳоро ба дӯш гирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста