Имрӯз дар Кӯлоб таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар пешгирии маъюбӣ» конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Конфронс аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, комиссияи тиббӣ-меҳнатии коршиносӣ ва институти ташхис ва барқароркунии коршоямии маъюбон созмон дода шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони конфронс хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 180 ҳзор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, беш аз 30 ҳазор нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ба қавли ҳамсуҳбатон, қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» хуб таҳия шуда, аммо дар амалисозии қонунҳои бевосита ба маъюбон дахлдошта мушкилот вуҷуд дорад.
Масалан, мувофиқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, давомнокии рӯзи корӣ барои маъюбон набояд аз 6 соат зиёдтар бошад ва онҳо баробар бо коргарони солиме, ки дар як рӯз 8 соат фаъолият доранд, музди меҳнат мегиранд. Гузашта аз ин, барои ин гурӯҳи шахсон бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароитҳои муосиди фаъолият муҳайё карда шаванд, ки дар ин робита корфармо кӯшиш мекунад, ки ин гуна афродро ба кор қабул накунад.
«Барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти ҷомеа, зерсохтори зарурӣ мебояд бунёд кард ва баъзан миёни идораҳои танзимкунандаи масоили ҳаёт ва фаъолияти маъюбон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд, ки ҷиҳати ҳалли фаврии мушкилоти онҳо монеъа эҷод месозад», - зикр карданд иштирокдорони конфронс.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста