Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ бо 320 ҷойи нишаст, беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, варзишгоҳҳо бо майдони умумии ҳудуди 5 ҳазор метри мураббаъ ва зиёда аз 3 километр роҳҳои таъмиру азнавсозишуда мавриди истифода қарор гирифтанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, барои бунёди иншооти мазкур аз буҷети шаҳр ва аз ҳисоби воситахои соҳибкорони хусусӣ беш аз 101 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.
«Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, маросими тӯйи хатнасури 221-нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ки шоми 26-уми июн ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар МД «Боғи пойтахт» доир гардид, анънавӣ шуда, минбаъд ҳамасола рӯзи 26-уми июн дар ҳамин боғ баргузор карда мешаванд», - таъкид кард Саидов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста