Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳамасола дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва Рамазон тӯйҳои хайриявии арӯсӣ ва суннатиро аз оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор намояд.
Матлаби мазкур дар чаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ироа шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории тӯйҳои хайриявии дастачамъона риояи муқаррароти танзими расму ойин, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва беҳдошти вазъи ичтимоии хонаводаҳост.
Бо ин мақсад комиссияи марбутаи чамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр созмон дода хоҳад шуд, ки интихоби чуфтҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ ва кӯдаконро дар тӯйҳои суннатӣ назорат мебаранд. Баргузории тӯйҳои хайриявӣ дар марзи шаҳри Душанбе минбаъд бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои наздик таҳия ва ба тасвиб мерасад, ба танзим дароварда хоҳанд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар «Боғи пойтахт» тӯйи суннатии беш аз 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди Душанбе ва субҳи Рӯзи ваҳдат -27 июн дар толори «Душанбе Плаза» бо ҳузури президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе тӯйи арӯсии 64 чуфти чавон аз 4 ноҳияи пойтахт барпо карда шуда буд, ки ба кӯдакон ва навхонадорон хони тӯёна ороста шуда, ҳадяҳо инъом гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста