Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат 4,5 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс мегӯянд. Дар ин хусус 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, асосан муаллимони дорои маълумоти миёна дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба таълим машғуланд. Саидов илова кард, ки теъдоди чунин омӯзгорон бо мурури вақт коҳиш хоҳад ёфт, зеро барои ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудани чунин муаллимон ба хотири дарёфти маълумоти олӣ тадбирҳо андешида шудааст ва пас аз гирифтани диплом онҳо метавонанд кори омӯзгории худро идома диҳанд.
Саидов таъкид кард, дар Исфара, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ, Балҷувон, Нуробод, Рашт ва дигар ноҳияҳои мамлакат, ки норасоии муаллимони соҳибтахассус ба мушоҳида мерасад, аллакай рӯйхати омӯзгорони дорои маълумоти миёна тартиб дода шудааст ва онҳо дар оянда метавонанд бо дастгирии Вазорати маориф ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шаванд.
«Илова бар ин, барои такмили ихтисоси муаллимони маълумоти олидор чунин чораҳо андешида шуд: дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 485 курси такмили ихтисос бо фарогирии 11,3 ҳазор шунаванда ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар муқоиса бо соли гузашта аз ҷониби Вазорат 135 курс зиёдтар ба роҳ монда шудааст»,- зикр кард Нуриддин Саидов.
Бино ба иттилои Вазорати маориф, то имрӯз теъдоди умумии муаллимон дар қаламрави ҷумҳурӣ 130 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар мактабҳо 1 ҳазору 200 омӯзгор намерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста