Усқуфи аъзами Душанбе ва Тоҷикистон Питирим дар мулоқот бо рӯҳониён иброз дошт, ки насрониёни православӣ дар ҳар ибодаташон барои беҳбудиву некуаҳволии Тоҷикистон, мақомот ва артиши ду қудрати ба ҳам дӯст – Русия ва Тоҷикистон, дуо мекунанд.
Мавсуф иброз дошт: «Мо умедворем, ки муносиботи мо минбаъд низ дар руҳияи меҳру муҳаббат ва ризоияти тарафайн густариш хоҳанд ёфт». Вай қайд кард, ки дар давоми 140 соли будубоши Калисои православӣ дар қаламрави Тоҷикистон, муносибати православия ва ислом дар ин сарзамини меҳмоннавоз дўӯтиву рафоқат ва кӯмаки мутақобилро дошт.
«Калисои православии русӣ дар симои Синоди муқаддас ва патриарх Кирилл ду сол қабл, соли 2011 дар бораи ташкили Епархияи алоҳидаи Калисои православии русӣ дар қаламрави Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин амал барои баланд бардоштани мақоми калисои православии русӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Пеш аз ин маркази Епархия дар Тошканд буд. Дар таърихи Тоҷикистон ман аввалин Усқуфи аъзам мебошам»,- қайд кард ӯ.
Мавсуф таъкид кард, ки ҳангоми ба Тоҷикистон омаданаш димоғаш чоқ шуд, зеро дар ин ҷо муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи мардуми тоҷикро пайдо кард. Он чизеро, ки ба қавли вай, «онҳо дар Русия таркаш кардаанд».
Ӯ инчунин аз сарвари давлат барои ҷорӣ кардани низоми дурусти сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ сипосгузорӣ карда афзуд, ки ин роҳест ба сӯи демократияи ҳақиқӣ, ки ба қавли ӯ, Раҳмон кишвари аз ҷониби Офаридгор ба ӯ вогузоршударо бо чунин роҳ бурда истодааст.
Раиси калисои протестантии «Грейс Сумнин» миннатдории худро ба ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин кишвар ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд риоя мешаванд, баён кард.
«Мо ҳама дар як сафина шино мекунем ва ҳама бояд онро ба як тараф раҳнамоӣ кунем. Даъвати ман дар он ифода меёбад, ки мо дар ҷамъиятҳои худ таҳаммул, сабру тоқат, рафоқату эҳтироми тарафайн ва ҳастии осоиштаро пешаи худ кунем. Аз шумо хоҳиш дорам, барои президент, барои ҳукумат дасти дуо бардорер, сулҳу дӯстиро ташвиқ кунед, то ин ки ба ин васила мо тавонем Тоҷикистонро дар чунин дунёи нопойдор ҳифз дорем»,- қайд кард ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста