Ҷавонони тоҷик Беҳзод Икромов ва Раҷабиён Комрон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал Форобӣ дар Саммити глобалии модели ҷавонони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар байни 50 давлати ҷаҳон ҷойи дуюмро сазовор шуданд.
Тавре Беҳзод Икромов дар сӯҳбати телефонӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, аз 2-юм то 6-уми июл дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия Саммити глобалии модели ҷавононони давлатҳои узви СҲИ баргузор гашт. Дар ин ҳамоиш, ки иштирокдорони он 150 ҷавон аз 50 давлати ҷаҳон буданд, Беҳзод Икромов ва Раҷабиён Комрон бо дӯсти қазоқистониашон Нурумов Кайдар Тоҷикистон ва Қазоқистонро муаррифӣ карданд. Иштирокдорон дар се сессияе, ки дар доираи саммити мазкур баргузор гашт, намунаву нақашаи худро дар мавзӯи «Чӣ гуна СҲИ метавонад дар ҳамдиливу ҳамбастагии тамоми мусулмонони ҷаҳон мадад расонад?» пешниҳод карданд.
Беҳзод гуфт, чун давлатҳои исломӣ рӯзҳои охир бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ гардидаанд, аз ҷумла, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва диниву мазҳабӣ, мақсади ҷамъомади мазкур ҳам пайдо сохтани роҳи ҳалли онҳост.
Ӯ қайд кард: «Мо се мавзӯи муҳимро баррасӣ кардем: интегратсияи иқтисодии давлатҳои узви СҲИ, сатҳи иштироки занон дар сиёсат ва аз байн бурдани мушкили муноқишаҳои байнидиниву байнимазҳабӣ. Дар масъалаи якум, мо дар робита ба сиёсати давлати Тоҷикистон пешниҳодҳо кардем. Аз ҷумла, чӣ тавр метавон ҳамкории иқтисодиро байни давлатҳои СҲИ пеш бурд ва сайқал дод».
Sohibnazar Sohibnazar''s Slidely by Slidely - Slideshow maker
Ба гуфтаи Икромов, яке аз роҳҳои ҳалли мушкил, ки дар саммити мазкур аз ҷониби дастаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди иштироки занон дар сиёсат садо дод, ҷудо кардани грантҳои бештар барои давраҳои омӯзишии занон, ҷорӣ кардани миқдори зиёдтари квотаҳо барои таҳсили онҳо дар макотиби олӣ, гузаронидани трненингҳои тавсеаи дониши сиёсиву иқтисодӣ ва тавассути ВАО бурдани ташвиқот дар бораи баробарҳуқуқии занон буд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2010 ва 2011 яке аз аввалин давлатҳое, ки роҳбарии саммитро ба ӯҳда дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Dilbar Zokirova12 июл, 2013 16:05
Знаю лично Бехзода Икромова, очень умный и адекватный человек. Уважаю и горжусь Вами! Так держать!