Чанде қабл иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Дар радифи вакилони пойтахт, инчунин шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, институтҳои шаҳрвандию иттиҳодияҳои динӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мудирони боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ дар кори иҷлосия ширкат варзиданд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ин иҷлосия масоили марбут ба риояи волоияти қонун дар ҳудуди пойтахт, омодагӣ ба истиқболи 90-солагии пойтахти кишвар баррасӣ шуданд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ кунонӣ кардани ёдбуди ашхоси барҷастаи фарҳангу санъати тоҷик номи кӯчаи Свердлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Содиқов Мустафо, кӯчаи Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Махсумов Акбар, кӯчаи Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мухторов Аҳрор, кӯчаи Клара Сеткинаи ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи Гастелло ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи Плеханов ба номи Зафар Нозимов, кӯчаи Котовский ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи Володарский ба номи Ғуломов Минхоҷ ва кӯчаи Титовро ба номи Корманди хизматнишондодаи нақлиёти Тоҷикистон Мастонгулов Мирзо иваз кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста