Дар зарфи 6 моҳи соли равон 8 нафар занони маскуни шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб ба амалҳои ғайриқонуние асосан ба дуздиву қаллобӣ даст зада, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи кор бо занони мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Саида Нурляминова дар ин робита хабар дод, чанде қабл зимни мулоқот бо занону духтарони маҳаллаи бузурги аҳолинишини ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«Ин ва дигар мисолҳои амалҳои ғайриқонунии модарон, ки ба тақдири кӯдакон таъсири манфӣ мегузоранд, дар робита ба муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд», - зикр кард номбурда.
Бо такя ба маълумоти Раёсати Шӯрои адлияи ҶТ дар вилояти Хатлон, Нурляминова иттилоъ дод, ки тайи солҳои ахир сабти парвандаҳои марбут ба амалҳои ғайриқонунии занон дар минтақаи Кӯлоб тамоили афзоишро касб кардааст.
«Барои мисол, соли 2011 дар суди шаҳри Кӯлоб нисбати 6 нафар занон парвандаҳо баррасӣ шуда, соли 2012 шумори ин гуна парвандаҳо аллакай ба 10 адад расид ва танҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон он аллакай 8 парвандаро ташкил медиҳад», - мегӯяд ӯ.
Ба қавли Нурляминова, чунин вохӯриҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб баргузор хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста