Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтушунидро оиди барқарор кардани шабакаи гармидиҳии шаҳр оғоз кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
- Мо баҳри барқарор кардани системаи гармидиҳии шаҳр бо Бонки Рушди Аврупо гуфтушунидро оғоз кардаем. Аллакай, як марҳилаи гуфтушуниди мо доир гардид ва бисёре аз масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. Шояд аз соли оянда корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ оғоз шаванд, - гуфт Самиев.
Ба қавли ӯ, баъд аз солҳои навадуми асри гузашта шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба пуррагӣ фалаҷ гардида, тамоми иншоотҳои он хусусӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон қубурҳои оби гарм дар зери замин пӯсидаю фарсуда шуданд.
«Акнун мо шабакаҳои гармидиҳии шаҳро аз нав месозем. Дар мулоқоте, ки бо намояндагони Бонки Рушди Аврупо доштем, пешниҳод кардем, то дар ҳар як бинои баландошёна системаи гармидиҳии индивудиалиро ба роҳ бимонем, лекин танҳо бо қувваи барқ. Ман шахсан намехоҳам, системаи гармидиҳии шаҳр бо истифода аз ангишт бошад, зеро аз он ҳифзи муҳити зисти шаҳр халадор мешавад. Шаҳри мо шаҳри хурд аст ва онро бояд тозаю озода нигоҳ дорем», - гуфт дар поёни сӯҳбаташ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста