Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Хониш дар хона барои кӯдакон», ки аз ҷониби Бунёди Оғо Хон амалӣ ва Агентии ИМА оид ба рашди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба мактаби таҳсилоти умумии № 2-и ноҳияи Сарбанд беш аз 300 нусха китоб тақдим карда шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур муоситдат ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати бедоркунии шавқмандӣ ва ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ аст.
Лоиҳа аз ҷониби ҳукумати ҶТ дар доираи тавсеъа ва таҳкими ташаббусҳои ҳукумат дар бахши рушди барвақтии кӯдакон дар 246 деҳаи ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликӯл, Қумсангир, Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Мӯъминобод ва Ховалинг) ва 3 ноҳияи ВМКБ (Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим) дастгирӣ карда мешавад.
Зимни суханронӣ дар маросими тақдими китобҳо директори USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд қайд кард, ки муддати беш аз 10 сол аст, ки дар соҳаи рушди маориф ИМА шарики фаъоли Тоҷикистону буда, ҷиҳати такмили таҷрибаи таълим ва беҳбуди натоиҷи омӯзиш кӯмаки техникӣ мерасонад.
«Дар ҳамдастӣ бо ҳукумат мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки гурӯҳи ҳадафноки ин лоиҳа, яъне кӯдакони синнусоли томактабӣ аз натиҷаҳои хуб дар хониш бархӯрдор шаванд, то ки падару модарон ва аҳли ҷомеа дар беҳбуди имконоти кӯдакон саҳми босазо гирифта, мутолиаи китоб ба як қисмати доимии ҳаёти онҳо табдил ёбад», - таъкид дошт номбурда.
Ба гуфтаи менеҷери Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов, мутолиа дар хона яке аз ташаббусҳои муҳими Бунёди Оғо Хон маҳсуб меёбад, ки ҳукуматро дар бахши дастрасӣ ба маълумоти томактабӣ дастгирӣ ва волидайну аҳли ҷомеаро ба ҷараёни таълими кӯдакон ҷалб менамояд.
Дар робита ба манфиати амалисозии лоиҳаи мазкур ва таъсири он ба мутолиаи кӯдакон раиси ноҳияи Сарбанд Қарахон Чиллаев зикр кард, ки «ғанисозии китобхона бо асарҳои нав ба волидайн дар интихоби мавод барои хониш имкони мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати омодагии кӯдакон ба мактаб таъсири мусбат хоҳад гузошт».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста