Бонки Рушди Аврупо барои соҳаи коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа 4,9 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.
Бино ба гуфтаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев, аз маблағи ҷудошуда 2,9 миллион доллараш маблағи грантӣ буда, 2 миллиони дигараш қарзи имтиёзнок мебошад.
- Ин маблағҳо бевосита баҳри рушди соҳаи коммуналии шаҳр равона хоҳанд шуд. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони партовгоҳ дар шаҳри Сарбанд ва корхонаи коркарди партовҳо,инчунин харидории 10 нақлиёти партовбарор ва қуттиҳои партов пешбинӣ шудааст, - афзуд раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳа ҳудуди 2,5 сол идома меёбад. «Умед дорем, бо анҷомёбии он Қӯрғонтеппа ба яке аз шаҳрҳои намунавӣ табдил хоҳад ёфт», - изҳор дошт Самиев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста