Яке аз беморони мубтало ба амрози сӯхтанӣ (сибирская язва)-и беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд фавтид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз табибони дармонгоҳ, ки нахост номаш ифшо гардад, хабар дод, сокини 57-солаи ноҳияи Айнӣ ҳанӯз рӯзи 8-уми июл фавтида будааст.
«Эҳтимол меравад, ки мард ҳангоми забҳи гов сироят ёфтааст. Бо ошкор шудани аломатҳои нахустини беморӣ санаи 5-уми июл ӯро дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карда, ба назди мо рӯзи 7-уми июл пас аз ташхиси беморӣ оварда шуд. Мутаассифона, аллакай дер шуда, табибон ҳеҷ кӯмаке расонида натавонистанд», - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти тасҳеҳшуда, дар вилоят айни замон панҷ нафар мубталоёни бемории сӯхтанӣ бистарианд, ки се нафарашон сокинони ноҳияи Айнӣ ва ду нафар сокинони ноҳияи Панҷакент мебошанд.
Бино ба иттилои кормандони тиббӣ, мутахассисони хадамоти санитариву эпидемиологии вилоят дар ноҳияҳои сарчашмаи сироят чораҳои коркарди зарурӣ доир намудаанд. Дар бемористони Хуҷанд барои ин беморон тамоми шароити карантин муҳайё буда, онҳо аз ҳамдигар ва дигар беморон ҷудо табобат мегиранд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд дар 6 нафар аломатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ошкор шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста