Дар вилояти Суғд минтақаи бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) густариш меёбад. Рӯзи сешанбе, 16-уми июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури маркази санитариву эпидемиологии вилоят Насибҷон Икромов хабар дод.
«Мутобиқи нақшаи амали тасдиқшуда, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби маркази назорати санитарӣ-эпидемилогӣ ҳамарӯза чораву тадбирҳои тиббиву беҳдоштӣ ва байторӣ рӯйи даст гирифта мешаванд, вале сарфи назар аз ин, ҳодисаҳои мубтало гардидан ба бемории сӯхтанӣ дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ошкор шуданд. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз моҳи июл дар ноҳияи Айнӣ 4 ҳолат ва дар ноҳияҳои Панҷакенту Бобоҷон Ғафуров дар ҳар кадоме 2 ҳодисаи бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шуданд», - зикр кард Икромов.
Ба қавли ӯ, дар ноҳияи Айнӣ 33 нафар, Панҷакент – 28 нафар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 6 афроди бо сарчашмаи сироят алоқадошта (ҳайвоноти сироятёфта) ошкор гардида, ин ашхос сабт ва таҳти муоинаи табибони маҳаллӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар се ноҳияи вилояти Суғд ҳашт ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз ин беморон рӯзи 8-уми июл дар бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд фавтид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста