57 оилае, ки дар манотиқи хатарноки вилояти Хатлон ба сар мебурданд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчонида шуданд.
Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Талабшо Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1-уми июли соли 2011 таҳти №322 «Дар бораи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013», дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 108 чунин оилаҳо ба макони амн интиқол дода шаванд.
«Дар нимсолаи аввали соли 2013 мо тавонистем, 57 оилаи муҳоҷирони экологиро ба ҷойҳои бехавф кӯчонем», - афзуд Назаров.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Хатлон 378 деҳа ба қайд гирифта шудааст, ки манотиқи хатарнок қарор доранд. «Мувофиқи нақша, сол аз сол ин деҳаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида хоҳанд шуд», - изҳор дошт Назаров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста