Ба нафақахӯр, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Любов Маркова, ки нисбаташ суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба аз хонаи давлатӣ рондан қарор содир намуд, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ кӯмак карда метавонад. Дар ин бора дар мусоҳибаи имрӯза ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҷумҳурӣ Эмин Сангинов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Вазорат Марковаро ба хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода сафарбар карда метавонад, зеро дигар фонди манзилӣ надорад. «Маъмулан пиронсолони якккаву танҳоро мо дар хонаҳои пиронсолон ҷой медиҳем, масъалаи таъминот бо манзили алоҳидаро бошад, ҳукумати шаҳр ҳал мекунад», - иброз дошт ӯ.
Ба саволи тақдири минбаъдаи ду нафар кӯдакони маъюби зан дар сурати ба холнаи пиронсолон сафрбар шудани нафақахӯр муовини вазир посух дод, ки агар синнусоли онҳо аз 16 зиёд набошаду соҳиби касбе набошанд, вазорат ба таҳсили онҳо дар литсеё барои маъюбон кӯммак расонида метавонад.
«Дар литсей барои маъюбон тамоми шарити будубош, аз ҷумла таъминот бо ғизову хобгоҳ мавҷуд аст, вале агар кӯдакон хурдсол буда, ба муолиҷа ниёз дошта бошанд, Вазорат онҳоро ба МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб сафарбар карда метавонад», - афзуд Сангов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл суди ноҳияи Синои пойтахт дар бораи аз манзили давлатии иҷора рондани нафақахӯр Любов Маркова , ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор содир намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста