Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов дар робита ба қазияи аз мансаб сабукдӯш шудани сархатиби ноҳияи Восеъ Убайдулло Ҳасанов ва дар ин кор дахолат доштанаш, қотеъона изҳор намуд, ки ӯ ба ин масъала ҳеҷ муносибате надорад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ зикр кард, ки «дар масъалаи тасдиқ ё аз кор озод кардани сархатиб ҳеҷ муносибате надорад» ва бидуни дахолат ба ҳаёти шахсии ходимони иншооти динӣ, танҳо ба мутобиқати фаъолияти ташкилотҳои динӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ назорат мекунад.
«Агар сархатиб гунаҳкор бошад ҳам, бигзор айбро аз худаш донад, зеро дар мулоқот бо ходимони дин президентро ба гумроҳӣ андохт», - зикр кард номбурда.
Ба қавли ӯ, дар мавриди норасоии масҷидҳо, ки дар мулоқот бо президент Ҳасанов ба он ишора намуд, дар ноҳияи Восеъ ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.
«Дар ноҳияи Восеъ дар маҷмӯъ 58 масҷид, аз ҷумла 12 масҷиди ҷомеъ ва 5-тои он танҳо дар шаҳракаи Восеъ амал мекунанд ва ба иловаи он, сохтмони масҷиди марказии ҷомеъи ноҳия низ дар арафаи анҷомёбист, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурии техникӣ, алҳол ба ибодат дар он иҷозат дода нашудааст», - гуфт Ш.Абдулҳамидов.
Мудир ҳамчунин гуфт, «сархатиб Ҳасановро дар Шӯрои имомхатибони 12 масҷиди ҷомеъ аз кор озод карданд, ки худи сархатиб ҳозир будан дар ин Шӯроро зарур надонистааст».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста