Аз ин ба баъд тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки аз дарсҳои видеойӣ дар шабакаи Интернет сабақ омӯзанд. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамои нахустини видеодарсҳо – uroki.tj мавриди истифода қарор гирифт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ташаббускори таъсиси сомона Озод Сиддиқов хабар дод, минбаъд ба таври мукааммал мавриди баҳрабардорӣ қарор додани торнамо дар назар аст.
«Ҳадафи мо ба таҳсилу омӯзиш фаро гирифтани мардуми Тоҷикистон аст. Вақте мустақилона ба торнамо ворид шудану таҳсил намудан имконпазир аст, онҳоро зарур нест, ки ҳатман дар курсҳои гаронқимат омӯзиш бигиранд», - зикр кард Сиддиқов.
Ба қавли ӯ, айни замон дар торнамо машғулияту дарсҳо оид ба варзиш, рақсу мусиқӣ, забонҳои хориҷӣ, омӯзиши компютер, акс ва наворбардории видеоӣ гузошта шудаанд.
«Айни замон наворҳои видеоиро мо аз Youtube гузоштем, вале дар фурсатҳои наздиктарин наворҳои видеоии муаллифони худро мегузорем. Омӯзгорон, коршиносон ва мутахассисони бахшҳои гуногун бо мо табодули таҷриба хоҳанд кард. Агар моро Вазорати маориф дастгирӣ мекард, хеле хушнуду қаноатманд мешудем», - афзуд Сиддиқов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста