Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи муқаррар кардани номгӯи корҳо барои шахсони синнусоли аз 18-сола поин ва меъёри бардоштан ва интиқоли вазн барои онҳоро барррасӣ дорад. Дар сурати қабули он ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунгузорӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди далелҳои истисмори меҳнати кӯдакон имкон пайдо мешавад.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 18-уми июл сардори Хадамоти назорати меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Самадов дар ин робита изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, дар сурати қабули он, амалисозии минбаъдаи лоиҳаро Вазорат пурра таҳти назорати худ мегирад.
Ба қавли номбурда, дар сурати қабули қарор ва тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба далелҳои истисомри меҳнати кӯдакон, минбаъд ҳам волидайн ва ҳам корфармо барои истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
«Мо ҳамчунин бояд бидонем, ки бо назардошти вазъи иқтисодии Тоҷикистон, аксари ҷавонони синнусоли то 18-сола кӯшиш мекунанд, ки аз нигоҳи молиявӣ мустақил бошанд. Таҳқиқоти мо гувоҳи онанд, ки аксари онҳо бидуни огаҳии волидайн ба кор машғул шуда, ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки аз ин вазъ корфармо сӯистифода мекунад. Дар аксари ҳолатҳо кӯдакон бо хоҳиши худ дар нуқтаҳои шустушӯйи мошин, коргоҳу мағоза ва қаҳвахонаҳо кор мекунанд», - гуфт Самадов.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти расмии Вазорат, шумори бекорон дар Тоҷикистон 56 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста