Раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров аснои нишасти хабарӣ иброз дошт, ки боиси афзудани ҷонибдорони гурӯҳҳои экстремистӣ дар деҳаи Қизил Нишон як авлод аст, ки худро наберагони паёмбар Муҳаммад (с) меноманд.
Бекназаров зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт: « Мо сабабҳои гаравидани ҷавонони ин деҳаро ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) таҳлил карда баромадем. Муайян гардид, ки як авлод ҳанӯз солҳои Шӯравӣ аз шаҳри Тошканд ба ин деҳа омадааст ва баъдан сабаби гаравиши ҷавонон ба ин ҳаракати мамнӯъи исломӣ шудааст. Намояндагони он худро авлоди ҳазрати Муҳаммад (с) меноманд. Бештари нафароне, ки ба ҲИӮ гаравидаанд, аз ҳамин авлоданд » .
Тибқи иттилои прокуратураи вилояти Хатлон, дар шаш моҳи соли равон 15 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба экстремизм нисбат ба 21 нафар оғоз гардидааст. Аз ин шумор 15 нафар аз деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён мебошанд. Дар тайи чанд соли охир даҳҳо нафар аз ин деҳа бо ҷурми узвият ба ҲИӮ боздошт гардида, ба маҳбас фиристода шудаанд ва даҳҳо нафари дигар дар кофтуков қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста