Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бар он ақида аст, ки муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дар бораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳар сурат, ӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дар нисбати журналист дастгирӣ намекунад.
22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо дар нисбати рӯшанфикрон ва зиёиёни Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳанд ва ин кор аксаран қабл аз мулоқоти доимии президенти мамлакат бо аҳли зиё сурат мегирад.
«Ман баробари хондани навиштаҳои Тутубалина гуфтам, ки ин хонум аз ҳад гузаронидааст. Зеро нисбат ба зиёиён эродҳои хеле зиёд буданд, лекин ба ин дараҷа, ки ба иззати нафси онҳо расида бошанд, онҳоро таҳқир карда бошанд, то имрӯз нашуда буд», - гуфт вазир.
Ӯ бовар дорад, ки таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири миллат аст ва миллатро бо зиёиёнаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори тамоми фикру мулоҳизаҳое мебошад, ки бар зидди навиштаи Тутубалина садо доданд. Аммо, ба гуфтаи М.Асрорӣ, ӯ муроҷиати даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро ба суди иқтисодии шаҳр дастгирӣ намекунад.
«Дар мавриди ба маҳкама кашидани ӯ ҳамфикр нестам, чун ин ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодаем дар шахсияти Тутубалина, ки шояд кирои ин қадар воҳима кардан набошад. Лекин ҷавоб додан зарур аст», - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи июл аҳли зиё ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ дар нисбати муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Даъвогарон барои ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – «Азия-Плюс» 200 ҳазор сомонӣ пардозанд. Сабаби даъво андешаи шахсии О.Тутубалина гашт, ки зери сарлавҳаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» нашр шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста