Чанде қабл дар Маскав маросими расмии ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятии Салиби Сурхи Русия барои муҳоҷирон дар назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шуд.
Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки ин рӯйдод марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия, Федератсияи Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия оид ба ҳалли муштараки масоили дастгирии иҷтимоиву тиббӣ ва ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгиройии онҳо ба ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Дар маросими ифтитоҳ ба ҷуз кормандони мақомоти дахлдори зикршуда, ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои Тоҷикистону Молдова, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, созмонҳои шарик, аз ҷумла Маркази ҳамгиройии «Муҳоҷират ва Қонун», Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, Созмони байнулмилалии муҳоҷират, Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури гурезагон, Федератсияи муҳоҷирони Русия, газетаи барои муҳоҷирони ӯзбеки «Ӯзбегим» низ ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, таъсиси қабулгоҳи мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия ва ва Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҳти унвони «Таҳкими дастгирии гурӯҳи бештар осебпазири муҳоҷирон тавассути беҳбуди дастрасии онҳо ба хизматгузориҳои тиббиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ» сурат гирифтааст.
Бино ба маълумоти Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия, машварат оид ба ҳама гуна масоил ба муҳоҷирон дар қабулгоҳ комилан ройгон роҳандозӣ шуда, тамоми муроҷиатҳо дар доираи салоҳияти Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия ва дар ҳамкорӣ бо шарикон баррасӣ хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста