Пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқии Тухтагул дар Қирғизистон, бузргтарин обанбор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба камбуди об дар кишварҳои поёноби Сирдарё боис гардида, дар натиҷа Тоҷикистон ба партоби босуръати об аз обанбори нерӯгоҳи Қайроқкум барои таъминоти Ӯзбекистону Қазоқистон бо об оғоз кард.
Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар ин маврид изҳор кард, ки коҳиши маҷрои оби рӯдхонаи Сирдарё ба он марбут аст, ки Қирғизистон дар болооби Сирдарё воқеъ буда, ба пур кардани обанбори нерӯгоҳи барқии Тухтагул барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон шурӯъ намуд.
«Қисмати зиёди оби дарёи Норин дар обанбори нерӯгоҳи Тухтагул ҷамъоварӣ мешавад ва ҳаҷми оби ҷоримешуда ба Сирдарё назаррас нест, ҳарчанд шурӯъ аз имрӯз онҳо ҳаҷми ҷоришавии обро афзуда бошанд ҳам, тамоми ин муддат обанбори Қайроққум, ки барои танзими маҷрои оби Сирдарё бунёд шудааст, натанҳо ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Ҷ.Расулов, Спитамен, Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан, балки кишварҳои поёноби Сирдарёро низ бо об таъмин мекунад», - зикр кард ӯ.
Раҳимов қайд кард, ки имрӯз дар масъалаи истифодаи обҳои фаромарзӣ кишварҳои минтақа фаъолона ҳамкорӣ доранд ва Тоҷикистон мақсади маҳдуд кардани кишварҳои поёноби рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амӯдарё ба истифода аз обро пайгирӣ надорад.
«Агар мо имрӯз дар вазъи душвор ба кишварҳои поёноб кӯмак накунем, фардо ба дастгирии онҳо дар сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳҳои барқӣ ва обанборҳо умедвор буда наметавонем», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста