Имрӯз ба қисмати зиёди шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, аз соати 05-00 то соати 17-00-и имрӯз таъминоти оби нӯшокӣ (аз канали дериватсионӣ истифодашаванда) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад.
«Қатъи мувақкатии интиқоли оби нӯшокӣ ба ҳодисаи ғарқшавии як ҷавони 18-сола ду рӯз қабл ва боздоштани кори канали дериватсионӣ, ки пойтахтро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, марбут аст», - иброз дошт Ш.Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони шаҳр супориш додааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
«Раиси шаҳр Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки то соати 12-у 20 дақиқаи рӯз корҳои ҷустуҷӯи шаҳрванди ғарқшударо ба анҷом расонанд», - афзуд сухангӯйи раиси пойтахт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста