Собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Оразшоҳ Пояндашоев пешниҳод мекунад, ки санаи 24-уми июл, солгарди оғози рӯйдодҳои Хоруғ «Сешанбеи сиёҳ» эълон карда шавад.
Дар саҳифаи худ дар Facebook Пояндашоев менависад, ки «ба хотири ёдбуди тамоми шаҳидону қурбониёни ин амалиёти васеи низомӣ ва тамоми ҳодисоти нанговари Тоҷикистон (солҳои 1992-2013), хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, ба мудохилаи душманонаи мамолики хориҷӣ ва таъмини адолат, амният ва ваҳдати воқеии тоҷикистониён, аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳар сол, 24 июл дар ҷумҳурӣ рӯзи «Сешанбеи сиёҳ» қайд карда шавад».
Бино ба пешниҳоди ӯ, дар «Сешанбеи сиёҳ» мардум бояд ҳамаи шаҳидону қурбониёни солҳои нангинро ёд кунанду дар синаҳои чапашон лентаҳои сиёҳ бубанданд ва дар миқёси ҷумҳурӣ ба хотири ёдбуди шаҳидону қурбониёни солҳои 1992-2013 дақиқаи сукут элон карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, корбарони дигари ин шабакаи иҷтимоӣ, асосан зодагони Бадахшон, пешниҳоди рӯзи солгарди рӯйдодҳои Хоруғ соати 22:00 эълони кардан дақиқаи сукутро дастгирӣ кардаанд. Қобили зикр аст, ки аллакай беш аз 400 нафар аз ташаббуси эълони дақиқаи сукут пуштибонӣ намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста