Хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ният доранд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаҳои моҳифурӯшии худро кушоянд.
Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов, ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа нияти кушодани мағозаҳои фурӯши моҳӣ ва тарабхонаҳои махсусеро доранд, ки дар онҳо танҳо аз моҳӣ хӯрок омода мекунанд.
«Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳо боло рафтааст ва яке аз сабабҳои аслии он зиёд шудани миёнаравҳо мебошад. Дар сурати кушода шудани мағозаҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ харидорон имкон пайдо мекунанд, ки моҳии хушсфатро бон архи арзон дастрас кунанд», - гуфт Сулаймонов.
Ба итилоои ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон 18 хоҷагии моҳипарвӣ 324 тонна моҳӣ парваридааст. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, то охири сол ҳаҷми умумии моҳӣ бояд то ба 574 тонна расонида шавад.
«Мо нақша дорем, як анънаи даврони Шӯравиро дар ноҳия зинда созем ва як рӯзро рӯзи моҳӣ эълон кунем. Яъне дар ин рӯз, агар соҳиби тарабхонаҳо ва ошхонаҳо қабул дошта бошанд, метавонанд аз моҳӣ хӯрок пазанд»,- илова кард Акрам Сулаймонов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста