Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиргни кории тоҷик дар шаҳри Новосибирск барои муолиҷаи ҳамдиёри худ Манучеҳр Одинаев, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар беморхона бистарӣ гардидааст, 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд.
Чӣ тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар медиҳад, Манучеҳр рӯзе қабл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Об осеби ҷиддӣ дидааст.
«Худи ҳамон рӯз Манучеҳрро ба шӯъбаи ҷароҳатбандӣ ва ортопедияи пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии ш.Новосибирск меоранд. Тибқи ташхиси духтурон сар ва сутунмӯхраи Манучеҳр ҳангоми ҷаҳидан ба дарё сахт осеб дида, ба ҷарроҳии оҷилӣ эҳтиёҷ дорад. Азбаски Манучеҳр суғуртаи тиббӣ надоштааст, ҷарроҳии ӯ ба сифати шаҳрванди хориҷӣ пулакӣ анҷом дода мешавад», - иброз доштааст ӯ.
Ба қавли номбурда, дар асоси муроҷиати падари бемор Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» - Сияршо Абдуҷабборов бо тоҷикони минтақа мулоқот намуда, бо дастгирии онҳо дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл маблағ ҷамъ кардаанд ва ин маблағ ба дасти падари Манучеҳр барои пардохти ҷарроҳӣ супурда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Дехконбача29 июл, 2013 12:00
МАШААЛЛАХ!!! МИЛИОН БОР ОФАРИН АХСАН МУХОЧИРОНИ АЗИЗ ...ФАКАТ ШУМО МЕТАВОНЕД БА МАРДУМИ МО ТОЧИКОН НОМУС ШАЪНУ ШАРАФИ ГУЗАШТАГОНАМОНА НИШОН БТЕН!!! МАН ФАКАТ ДУО МЕКУНАМ БАРОИ ИН БАРОДАРИ БЕМОР ХУДОВАН СИХАТ ВА САЛОМАТ ШАВАД ВА БА МОНАНДИ ШУМО ДАСТГИРИ ХАМДИГАР БОШАД!!! ОМИН!!!