Имрӯз дар коллеҷи омӯзгории Кӯлоб қабули донишҷӯён аз 10 ноҳияи минтақа ба макотиби олӣ тибқи квотаҳои иловагии президентӣ ба итмом мерасад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯоб Эмомалӣ Сайдамиров хабар дод, дар маҷмӯъ 201 квотаи иловагӣ ҷудо шудааст.
Ба қавли ӯ, дар ин самт ба масъалаи аз байн бардоштани мушкилоти чандинсолаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.
«Бо назардошти талабот, 140 квота ба макотиби олии гуногуни омӯзгорӣ ҷудо гардида, онҳо аслан ба ноҳияҳои зикршуда рост меоянд ва инҷо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ ва коллеҷҳои машғули кор дар мактабҳо ё маҳрум аз имкони қабул шудани ба мактабҳои олӣ бо асосҳои умумӣ афзалият дода шуд», - иброз дошт Сайдамиров.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ бо ҳамин мақсад 61 квота иловагӣ ба минтақа ҷудо кардааст.
Қобили зикр аст, ки аллакай моҳи июн тибқи квотаи президентӣ 171 нафар ҷавонону духтарони вилояти Хатлон ба номи ифтихории донишҷӯй сазовор гаштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста