30 нафар донишӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил кардаву соли гузашта муассисаи таълимиро хатм намуданд, аз ҳозир шудан ба ҷойи кор тибқи роҳхат саркашӣ кардаанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Абдулло Табаров хабар дод, дар ин робита аз болои донишҷӯён ба мақомоти судӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод гардида, аз 18 нафар донишҷӯён ба маблағи умумии 55 ҳазору 430 сомонӣ маблағи таҳсил рӯёнида шудааст ва нисбати донишҷӯёни боқимонда баррасии парвандаҳо идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, соли равон 1 ҳазору 108 нафар донишҷӯён ба имтиҳоноти давлатӣ роҳ дода шуда, 1 ҳазору 63 нафари онҳо имтиҳонотро муваффақаона супурданд. «Ҳамаи онҳо роҳхат гирфта, моҳи сентябр маълум хоҳад шуд, ки чанд нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ ба ҷойи кори сафарбаршуда ҳозир шудаанд», - зикр кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 8 факултаи рӯзона ва ғоибона оид ба 38 ихтисос амал мекунад. Шумори донишҷӯён айни замон 6 ҳазору 271 нафарро ташкил медиҳад. , Аз ҷумла ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар шуъбаи рӯзона, 3 ҳазору 757 нафар дар гурӯҳҳои буҷетии ҳарду шуъба ва тибқи квотаи президентӣ 296 нафар (175 нафар духтарон) таҳсил доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста